БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАВЗӮЪҲОИ МУҲИМ БАРРАСӢ ШУДАНД!

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии “Сипарони Ватан”-и ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ бо иштироки намояндагони ҳизбӣ  баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ аз ҷониби масъулин самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!», пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ,   пешгирии муҳоҷирати қувваи корӣ ба давлатҳои хориҷа, адо намудани қарзи фарзандии ҷавонон-хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ба маъракаҳои сиёсии дарпешистода-интихоботҳои соли 2020, пешбарии вакилон ба Конференсияҳои ҳизбӣ ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ шуданд.

Инчунин, Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо мақсади дастгирии оилаҳои ниёзманд ва маъюбон баргузор гардида, бо дастгирии аъзои ташкилоти ибтидоӣ ба 1 нафар  маъюби гурӯҳи 2  кумаки молиявӣ расонида шуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg