БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲУШДОРИИ ҶОМЕА АЗ ХАТАРИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

КӮЛОБ. Дар доиари Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Хониши сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии “Содиқов” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб доир гардид.

Дар суханронии худ масъулин дар мавзӯъи солимии ҷомеа ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ андешаронӣ намуда, қайд карданд, ки бо вуҷуди созандагию пешравиҳо ва амалӣ гардонидани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, инчунин дар ҷомеа мушкилотҳое вуҷуд доранд, ки проблемаи глобалӣ ба ҳисоб меравад. Албатта пайдоиши ҳамгуна бемориҳои сироятӣ, ин риоя накардани қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар доираи ахлоқи инсонӣ ва таъсири инсоният ба табиат ва муҳити атроф, ихроҷи ҳаргуна моъею газҳои кимёвӣ ба табиат ва дигар сабабҳое ҳастанд, ки боиси ҳаргуна бемориҳои марговар мебошанд. Аз ҳама бештар ин бемории ВНМО/АНМО зиёд гардидааст, ки хатари бузург ба солимии ҷомеаро дорад.

Дар охир таъкид шуд, ки дар сурати гузаронидани суҳбату вохӯриҳо доир ба  ин масъалаи муҳим ба таври мунтазам дар байни мардум, мо метавонем суръати паҳншавии ин ваборо коҳиш диҳем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg