БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САРФАКОРОНАИ НЕРУИ БАРҚ БА МАНФИАТИ ҲАМАГОН АСТ!

ҶАЙҲУН. Дар доиари Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Амирҷон Ҳасанов»-и ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Масъулин  дар рафти чорабинӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханронӣ намуда, қайд карданд,ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ «Таъмин истиқлолияти энергетикӣ» дар баробари бунёди иншооти бузурги тавлиди нерӯи барқ ба таҷдиди иншооти энергетикии мавҷудаи кишвар эътибори аввалиндараҷа медиҳад.

Маҳз бо ташаббус ва бо саъю талошҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати якум ва дуюми неругоҳи барқи обии «Роғун», яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон ба кор дароварда шуданд, ки бо шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид. Ин  ибтидои  гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи стратегии миллӣ-«Таъмини истиқлолияти энергетикӣ» ба ҳисоб меравад.

Таъкид шуд, ки мо фаъолони ҳизбро мебояд,  неруи барқро сарфакоронаву мақсаднок истифода барем ва ҳеҷ гоҳ ба исрофкорӣ роҳ надиҳем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg