БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲУШЁРИЮ ЗИРАКӢ МУҲИМАНД!

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Хониши сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии «Деҳбаланд»-и Ҷамоати деҳоти Меҳвари ноҳияи Панҷ баргузор гардид ва дар он  масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ иштирок доштанд.

Дар суҳбат саноатикунонии босуръати кишвар-ҳадафи чоруми давлату ҳукумат мавриди баррасӣ қарор ёфт. Саноатикунонии кишвар имконият медиҳад, ки Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил дода шавад- иброз доштанд баромадкунандагон.

Дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба мавзӯъҳои доғи рӯз -хатари терроризму экстремизм, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, истифодаи нодурусти технологияи муосир ва хатарҳои онҳо ба Истиқлолияти давлатӣ сухан рафта, даъват шуд, ки ҳар як нафари ҷомеа ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg