БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАБОЯД ГУЗОШТ, КИ НОХАЛАФЕ ИН ВАТАНИ АЖДОДИИ МОРО БА МАЙДОНИ ҶАНГ ТАБДИЛ ДИҲАД

КӮЛОБ. Дар доиари Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ободкор” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб иштирок ва баромад карданд.

Дар он доир ба масъалаи ҷалби ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ибрози андеша карда шуда,  қайд гардид, ки имрӯз бархе ҷавонони ноогоҳ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни ифротӣ шомил шуда, ҳаёти ширини худ ва умуман Ватани хешро зери хатари ҷиддӣ қарор медиҳанд.

Дар фарҷом таъкид шуд, ки ин сулҳу оромӣ, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолият, ки бо ҷонбозиҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст нагузорем, ки ягон нохалафе ин Ватани аҷдодии моро вайрону валангор созад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg