БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЙРАВӢ БА ФАРҲАНГИ БЕГОНА ФАРҲАНГИ МИЛЛИРО КОСТА МЕГАРДОНАД

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии “Ваҳдатобод” мулоқоти судманд роҳандозӣ намуданд.

Самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб,   аз ҷумла аз байн бурдани таасуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим  нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа дар меҳвари асосии суҳбат қарор гирифт.

Қайд шуд, ки бегонапарастиву  тақлид хилофи ҳама гуна тамаддуну маънавиёт буда, дар ягон давру замон намояндаи ин ё он  миллатро муҳтарам накардааст. Пайравӣ ба фарҳанги бегона – хурофотпарастиро ба миён меорад. Ҳар як миллат вазифадораст, ки урфу одат ва фарҳанги миллии худро нигоҳ дорад.

Сипас, байни иштирокчиён ва кормандони масъули ҳизбӣ оид ба самтҳои гуногуни равандҳои дохилию берунии сиёсӣ суҳбату гуфтугузорҳои судманд сурат гирифт.

 

                                                                                                         

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg