ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Деҳқонобод»-и ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Зимнан дар рафти чорабинӣ масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки амалу кирдорҳои коррупсионӣ зуҳуроти номатлуби ҷомеа ба шумор рафта, дар ҷомеа реша давондааст. Қайд шуд, ки бузургони миллати мо асрҳои аср панд додаанд, роҳнамоӣ кардаанд ва мардумро ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоят намудаанд, то ин ки бо амалҳои неку инсондӯстонаи хеш намунаи ибрат бошем. Рӯ ҷониби осори пурғановати онҳо овардан инсонро аз роҳи хато, амалҳои зишт, аз даст задан ба ҷинояти коррупсионӣ нигоҳ медорад.
Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ба оилаи маъюб кӯмаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.