ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Амонатбонк”-и ноҳияи Шаҳритуз баҳри дастгирии ятимону бепарасторон Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардида, дар он намояндагони ҳизбӣ иштирок ва дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумда дастгирии шахсони ниёзманди ҷомеа ба ҷои маъракаҳои серхароҷот андешаронӣ карданд.
Суханрониҳои судмандро аъзои ташкилоти ибтидоии мазкур якдилона дастгирӣ карда ба 1 нафар шахси эҳтиёҷманд маводи хӯрока ва сару либоси зимистона кӯмак намуданд.
Дар ин раванд дар доираи аксияи ҳизбӣ ба 2 оилаи ниёзманд ва як нафар маъюби гурӯҳи 2 кӯмаки молиявӣ расонида шуд.