КӮЛОБ. Дар доиари Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқот дар ташкилоти ибтидоии “Шамсиддин Шоҳин” бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ намояндагони ҳизбӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуда, оид ба масълаи коррупсия ва ришваситонӣ дар ҷомеа, инчунин пешгирӣ ва роҳи ҳалли ин масъала андешаҳояшонро баён намуда, гуфтанд, ки ҷомеаи имрӯза барои равнақ додани тамоми намуди фаъолият, новобаста шакли моликият шароитҳо фароҳам мебошад. Аммо омилҳое ҳастанд, ки барои рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат халал ворид мекунанд. Зиёд гаштани амалҳои коррупсионӣ дар ҷомеа аз ҷумлаи чунин омилҳо ба ҳисоб рафта, боиси нигаронӣ мегардад. Зеро ҳолатҳои ҳастанд, ки аз тарафи баъзе аз кормандони ниҳодҳои гуногуни давлатӣ амалҳое содир мешаванд, ки характери коррупсионӣ дошта, барои иҷрои вазифа ва уҳдадориҳои худ, ба ҷое ба мардум хизмати софдилона ва содиқона карданашон баръакс тамаъю ришва меситонанд, ки амалӣ чунин ашхос боварии мардумро нисбат ба сохторҳои давлатӣ коста мегардонад.
Дар ин росто барои аз байн бурдани чунин амалҳои зишт таъкид шуд, ки бояд ҳамкориҳоро бо мақомотҳои қудратӣ зиёд намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни халқ тавассути фаъолони ҷомеа ба роҳ монд.