БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМРО БОЯД АЗ НИҚОБҲОИ СИЁСӢ ВА ДИНӢ ҶУДО КАРД.

«Яке аз падидаҳои дунёи муосир раванди ҷаҳонишавӣ мебошад, ки бо вуҷуди паҳлуҳои муфиду мусбати он дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти башарият барои иқтисоду фарҳанг ва ҳастии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд таъсири ҷиддии манфӣ низ дорад».

Эмомалӣ Раҳмон

АНДЕША. Терроризм ва экстремизм дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳои бузург монеи рушди иқтисодӣ ва омили бузурги тафриқа ва низоъҳои геопалитикӣ гашта аст.

Имрӯз инсоният бо таҳдидҳои нав, терроризми байналмилалӣ, аслиҳаи қатли ом, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, гармои умумӣ саёравӣ ва бемориҳои сирояткунанда рӯ ба рӯ гашта истодааст. Тоҷикистон комилан ҷонибдори собитқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ буда, саҳми хешро дар мубориза бо терроризм ва экстремизм гузошта истодааст. Дар баробари ин мо зарурияти бартараф намудани сабабҳо ва омилҳои бавуҷӯдоварандаи терроризмро, ки аз камбизоатӣ, аз адолати воқеӣ дур будани сатҳи маърифат, ҷудоиандозии миллӣ, ихтилофоти фарҳангӣ ва амалҳои худгароёнаи баъзе давлатҳо дар арсаи байналмилалӣ иборатанд, ногузир мешуморем.

  • миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронсҳои байналмилалӣ ва суханрониҳои хеш бо роҳбарони давлатҳо, аҳли қалам, ҷавонон, зиёиён ва дар вохӯриҳо бо аҳолӣ пайваста дар бораи решадавонӣ ва таъсисёбии терроризм ва экстремизм ҳушдор дода, онҳоро ҳамчун зидди башарӣ маҳкум менамояд.

Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар шинохти аносири марзӣ ва меҳварии терроризм ва экстремизм бузург аст. Аз нуқтаи назари Пешвои миллат терроризм ва экстремизм хоси ягон динҳои ҷаҳонӣ набуда, аз ҷумла ягон иртибот ба дини мубини ислом надорад, балки таълимоти ҳама динҳои ҷаҳонӣ зидди хушунат, тундгароӣ, амалҳои террористӣ ва ифротгароӣ буда, ҷавҳари таълимоти онҳо аз омили худшиносӣ, дустию бародарӣ ва муҳаббату эҳтироми инсонӣ иборат мебошанд.

Имрӯзҳо ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ мехоҳанд, ки ҳадафҳои худро дар фазои иттиллотии ҷаҳонӣ ҳамчун падидаи исломӣ маънидод ва муаррифӣ намоянд ва бадин васила ҳадафҳои ғаразноки худро амалӣ намоянд.

Ислом ва мардумро аз тамаддуни башардӯстонаи ҷаҳонӣ ҷудо карда, ба падидаҳои ифротгароёнаи террористию экстремистӣ ҳамранг донистани дини мубини ислом, ки аз рӯи инсофу адолат нест, балки таҳрири рӯи рост ва иштибоҳи бузург аст.

Терроризм ва экстремизмро бояд аз ниқобҳои сиёсӣ ва динӣ ҷудо кард. Ин падидаҳои номатлубро ба ягон дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом нисбат додан нодуруст аст. Кирдору гуфтори гурӯҳҳои тундгаро ва нерӯҳои экстремистӣ дар зоти худ хиёнати таърихӣ ва нобахшиданӣ ба дин, таърих ва сирати озодаву сулҳпарварии инсон аст. Бояд қайд намуд, ки амалҳои террористӣ ва кирдорҳои экстремистӣ дорои шева ва анвои гуногун буда, аз ҷониби ҷинояткорон бо усулҳои махсус иҷро карда мешаванд.

Амалҳои террористӣ ва экстремистӣ пеш аз зуҳури дини мубини ислом дар шакли куштори сиёсӣ ва ғаразҳои шахсию гурӯҳӣ дар байни қавм ва халқиятҳои мухталиф дида мешаванд. Шахсиятҳои машҳури дини ислом Умари Форуқ ва Алӣ ибни Абутолиб, Аҳмадшоҳи Масъуд, ки яке сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ва ҷангсолори машуҳро бо роҳи террор ба қатл расонида шуданд.

Дар асри ХХI терроризм моҳият ва характери васеътар касб намуда, террористон бо роҳи худтарконӣ, бомбагузорӣ намудан дар автомашина ва хонаҳои истиқоматӣ, биноҳои маъмурӣ, мактаб ва кӯдакистонҳо, гаравгонгирӣ, таркондан ва ё заррар додан шахсиятҳои бегуноҳро ба қатл мерасонанд.

Таълимоти дини мубини ислом қатли инсон, интиҳор ва инфиҷорро қатъиян наҳӣ ва маҳкум намуда аст. «Ва ҳар касе фарди боимонеро аз рӯи қасд (ғараз) ба қатл бирасонад, муҷозоди қотил дузах аст, дар ҳоле, ки (қотил) ҷовидона дар он мемонад. Ва Худованд бар ӯ ғазаб ва ӯро лаънат мекунад. Ва ӯро аз роҳаш дур месозад. Ва азоби азиме барои ӯ омода сохта аст». (Қуръони карим, сураи Нисо ояти 93)

Вақтҳои охир ба воситаҳои ахбории фаромиллии ҷаҳон баъзе гуруҳҳо кушиш менамоянд, ки терроризм ва моҷароҷӯӣ барин таҳдидҳои ба инсоният ҳалкатворро ба дини муқаддаси ислом нисбат диҳанд. Чунин шарҳи масъала моҳияти инсонпарварии исломро таҳриф намуда, дини мазкурро ба ҷомеаи ҷаҳон ҳамчун манбаи бадӣ ва зуроварӣ муарифи карда, бо ҳамин нисбат ба тамоми мамлакатҳои мусалмон ҳисси бадбинӣ бедор карда, ғайри ихтиёр аз равияҳои неофашистӣ ва шовинистӣ дастгирӣ карда мешаванд.

Мо бори дигар таъкид менамоем, ки амалиётҳои террористӣ дар мамлакатҳои гуногун кори одамони бераҳму сангдил мебошад, ки ташнаи ҳокимият ва сарват буда, амаллан ба дини муқаддаси мусалмонон – Ислом ягон умумият надорад. Ҳар як шахс бояд дарк намояд, ки Ислом ба ҳеҷ ваҷҳ дини зуроварӣ нест, одамонро ба раҳму шавқатҳамдардӣ ва сулҳу созгорӣ даъват менамояд. Имрӯзҳо созмонҳо, ҳизбҳо ва ташкилотҳои экстремистию террористӣ дар кишварҳои Яман, Миср, Ироқу Сурия, Покистон ва Афғонистон доман паҳн намуда, аз бесаводӣ ва каммаърифати бархе ҷавонони истифода бурда, бо дасти худи мусалмонон пешвоён ва уламои исломиро террор намуда, дини мубини исломро бадном месозанд ва онҳоро ҳамчун сарчашмаи хушунат ва низоъ дар арсаи байналмилалӣ муарифӣ менамоянд.

 

Зулфов Муҳаммадҷон – роҳабри Ташкилоти

ҷамъяитии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ш. Кӯлоб

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg