ВОКУНИШ. Имрӯзҳо қисми зиёди истифодабарандагони интернетро ҷавонон ташкил медиҳанд ва аз ин лиҳоз, мо омӯзгорон бояд оид ба фарҳанги истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ онҳоро бархурдор кунем нагузорем, ки ҷавонон фирефтаи ақидаҳои ғаразноки ифротиён шуда, гумроҳ шаванд.
Пеш аз ҳама ин паст будани маърифати сиёсӣ ва сатҳи огоҳӣ аз раванди бадалшавии идеологияҳо боис мешавад, ки ҷавонон ба ин гуна гуруҳҳо ҳамроҳ шаванд.
Ман ҳамчун як омӯзгорон аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70 – и ноҳияи Кӯшониён тарафдори сулҳу суботи мамлакати азизамон Тоҷикистон буда, намехоҳам ҳеҷ гоҳ, ашки модарони тоҷики хешро бубинем. Орзуи онро дорам, ки хонаи ҳар як фарди тоҷик пур аз садои хандаи кӯдакон бошад.
Аз ҷанге, ки солҳои 1992 дар Ватани мо гузашт, то ҳол доғи он аз дили модарони мо нарафтааст. Азоби беватанӣ, гуруснагӣ, бародаркушӣ ва ашки модаронро тоқати дидан надорам. Бигзор Ватани мо ҳамеша обод бошад, офтоби ҷаҳонтобамон ҳамеша дар сари модарону мардуми мамлакатамон нурпошӣ намояд.
Тарафдори суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошеам, ки моро ва давлати моро аз парокандашавӣ наҷот додааст, аз нестӣ ба ҳастӣ оварда расонидааст.
Бо талошу заҳматҳои бе андозаи Президенти мамлакатамон имрӯз тамоми мардуми кишвари моро дар ҷаҳон мешиносанд ва қадршиносӣ менамоянд.
Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Албатта сутуни маънавии ҷомеа савод аст. Президенти кишварамон, ки шахси маърифатпарвар мебошанд, намегузорад, ки мардуми тоҷик ба гумроҳӣ ва нестӣ рафта расад.
Заҳр бод обу хоки ин сарзамин ба шахсони ҷангҷую ҷангхоҳ. Кур бод шахсе, ки нону намаки ин сарзаминро мехурад ва тинҷиву оромиро халалдор мекунад. Хоҳонем, ки ҳеҷ гоҳ дар Ватанамон ҷанг набошад.
Ҳар як фарди тоҷик огоҳ аст, ки тероррист Ватан, миллат, маскан, дин ва оилаи солим надорад.
Афзалиятнок, калидӣ ва омили амнияти миллӣ истиқлолияти кишвар боҳбари давлат мебошад.
Латипова Ш-директори муассисаи таҳсилоти
миёнаи умумии №70, узви ҲХДТ.