БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АВФ - САМАРАИ АДОЛАТ

 АНДЕША. Санаи 25 октябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» имзо гузоштанд.

Қонуни авф ҳудуди 20 ҳазор нафарро фаро хоҳад гирифт ва дар маҷмӯъ наздик ба 7 ҳазор нафар аз зиндонҳо озод мешаванд. Қонуни мазкур бо иқдоми башардӯстонаи Президенти кишвар дар асоси принсипи инсондӯстӣ ва раҳму шафқат, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои башар ва шаҳрванд ба ифтихори ва ба муносибати ҷашни 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16 октябри соли ҷорӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд. Ин пешниҳод дар Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолият аввалин бор нест, балки ин пешниҳод аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дафъаи 16-ум аст, яъне дар Тоҷикистон дар солҳои Истиқлол 16 дафъа қонуни авфи маҳбусону боздоштшудаҳо қабул шудааст.

Дар маҷмуъ тақрибан зиёда аз 120 ҳазор маҳбусону боздоштшудаҳо аз маҳбасҳо озод шуданд. Албатта ифтихор аз он дорем, ки мо чунин Пешво дорем Пешвое, ки раҳму шафқат ва муҳаббату эҳтиром ба халқи худ доранд. Ва ин аз одил будани сарвари давлат як нишонаи бузургест.

Имрӯзҳо мардуми сар то сари ҷумҳуриро як хурсандии нав ҳамчун хурсандиҳои идона фаро гирифтааст ҳазорҳо-ҳазорҳо нафар дар саросари мамлакат бо ашки чашм, гулдаста ва шириниҳо пайвандони аз маҳбас раҳошудаи худро пешвоз гирифтанд. Баробари боз шудани дарвозаҳои зиндонҳо ба рӯйи маҳбусони авфшуда, дигар гирифтани пеши роҳи пайвандони онҳо номумкин буд. Ҳама мехост, баъд аз солҳои интизорӣ ҳарчи зудтар падар, фарзанд ва ё бародари худро ба оғӯш гирад. Аксариат аз хурсандии ба оғуш гирифтани пайвандони худ бо ашки чашм даст ба даргоҳи Худованд бардошта дар ҳаққи Пешвои миллат дуои хайр мекарданд. Онҳо ба Роҳбари давлат барои ин ғамхории падаронаашон изҳори сипос карда, ваъда медоданд, ки минбаъд ба кори хато хеҷгоҳ даст намезананд.

Шукурова Латофат, корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg