БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАВЪҲОИ ТЕРРОРИЗМ ВА ХАТАРИ ОН БА ҶОМЕА

АНДЕША. Терроризм фаъолиятест, ки баҳри дигаргунсозии сохти сиёсию ҷамъиятӣ, вайронсозии идеологияи давлатӣ, тағйирдиҳии идоракунии давлатӣ ва режимҳои сиёсию давлатӣ, ягонагии ҳудудӣ бо методҳои ҷиноӣ ва террор мебошад. Таҳдидҳои ин таҳавулоти номатлуби замон боиси аз байн бурдани истиқлолияти давлатҳои алоҳида гардида, сабаби сар задани ҷангҳои шаҳрвандӣ  ва муноқишаҳои мазҳабӣ шудаанд.  Теъдоди зиёди мардуми мусалмонтабор, ки аз фарҳангу маданияти исломӣ хуб воқиф нестанд ба идеяҳои тарҳрезишудаи ҷосусони аҷнабӣ дар роҳи ташкил кардани «Хилофати исломӣ» фирефта шуда, бо дасти худ мардуми мусалмонро ба қатл расонида, манфиатҳои пардапӯши душманони дини мубини исломро ҳимоя менамоянд.

Дар яке аз суханрониҳояш Пешвои миллат муҳтрам Эмомалӣ раҳмон баён дошта буданд, : «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст». Воқеъан ин суханони Пешвои миллат ифодакунандаи дақиқӣ чеҳраи манфури терроризм аст.

Имрӯз дар ҷаҳон якчанд навъи терроризм амал менамояд, ки ҷомеаи имрӯзаро ба ташвиш оварда, ҷони ҳазорон мардуми бегуноҳро рабурда аст. Дар хусуси ҳар яке аз ин намудҳои терроризм ба шумо маълумот хоҳем дод.

Терроризми сиёсӣ – ин навъи терроризм бо истифода аз таҳдид ҷомеаро ба ҳолати моҷарогароӣ оварда мерасонад, ки дар натиҷа ҷудоӣ ва бесарусомонӣ хоси ҷомеа мегардад. Ба сифати субъекти терроризми сиёсӣ чун қоида ҳизбҳои сиёсии радикалӣ, гурӯҳҳои алоҳидаи дохили ҳизб ё иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилоти экстремистӣ баромад мекунанд.

Терроризми миллатгароӣ –  бо таҳаммулнопазирии миллӣ асос ёфта, дар фаъолияти он маҳдудсозии фаъолияти намояндагони ин ё он халқ бо истифода аз  террор асос ёфтааст.  Ин навъи террор бо сепаратизм алоқамандӣ дорад, ки он ҳамчунин баҳри иҷрои амалҳои дигар, тағйирот дар сохти давлатии мавҷуда, вайронсозии ягонагии ҳудудӣ, ташкили давлати соҳибистиқлол анҷом дода мешавад.

Терроризми динӣ – он ба муқобили  сиёсати глобалии давлатҳои абарқудрат, ки кулли давлатҳои ҷаҳонро   дар як «хонаи бузург» муттаҳид кардан  мехоҳанд, ки ин иқдом оқибат ба дини онҳо рахна ворид месозад, равона гардидааст. Баъзе аз ин навъи ташкилот бахусус «Ҳизболлоҳ», «Ал-қоида» мақсади бунёди хилофати мусулмониро доранд.

Терроризми ҷиноӣ  - он бо куштор, низоъ андохтан байни гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа, таъсир расонидан ба фаъолияти намояндагони ҳокимият асос ёфтааст.

Терроризми технологӣ, ки таҳдиди аз ҳама бештар дорад. Он бо истифода аз яроқи ядроӣ, кимиёвӣ, бактериологӣ ва воситаҳои радиоактивӣ, инчунин муҳосираи объектҳо, яроқҳо, маводҳои ядроӣ мақсадҳои хешро амалӣ мегардонад.

Терроризми кибернетикӣон нисбати ҳамаи навъҳои терроризм таҳдиди бештар дорад. Асоси фаъолияти он роҳ ёфтан ба васоити ахбордиҳӣ, аз ҷумла Интернет ва пахш кардани маълумотҳои бардурӯғ, инчунин тағйир додани далелҳо мебошад. Ба монанди ин навъи фаъолияти террористӣ, террористон боз як методи дигареро пайдо кардаанд, ки ин ба оби мавриди истифодабарии умум қарордошта ҳамроҳ сохтани моддаҳои заҳролуд ба шумор меравад. Он хатари бештареро болои аҳолӣ  меорад.

Асри XXI бо фазои гуногун, махсусан воқеоти дар худ фарогирифтааш аз ҷумлаи асрҳои гузашта фарқ карда меистад. Гарчанде падидаҳои ҷойдошта зодаи танҳо ин аср нестанд, аммо дар баробари асри нав ҷомаи навро ба худ гирифтаанд, яъне ҳар як падида шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кард.

Хулоса, ҳар як ин навъи терроризмро ки дар боло дарҷ кардем, бо ягон мақсади ноаҳлона ба хотири таъсир расонидан ба идеологияи ҷомеа ва дигаргун кардани режими сиёсӣ созмон ва ё гурӯҳеро ташкил дода, барои бамақсади худ расидан чигуна амале, ки набошад, танҳо манфиати худро андеша намуда, аз рӯи нақшаҳои тартибдодаашон амалҳои ғаразонаи худро нисбати ҷомеа пеш мебаранд.

 

Шарипов Рустам – узви ҲХДТ дар ш. Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg