АНДЕША. Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ якчанд ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ аз ҷумла, ДИИШ, ҲНИ, Алқоида, Толибон, Иттиҳодияи экстремистӣ салафия, Ҳизби исломи Туркистони Шарқӣ, Ансорулоҳ, Ҷиндулоҳ, Лашкари Тайба, Иттиҳодияи исломӣ, Ан – нусра, «Ҳизбу-т таҳрир» ва дигар ташкилотҳо террористӣ усулҳои асосии фаъолияташон амалҳои террористӣ ва рақибонро бо роҳи террор ва батарин шеваҳои ҷангӣ нест мекунанд. Ин ташкилотҳои ҷинояткорони байналхалқӣ маҳсули тафаккури исломӣ нест, балки он дар асоси нақша ва барномаҳои сирф террористони иғвоҷӯ тарҳрезӣ гашта, бунёдёфта аст. Ҷинояткорони такфирӣ ва ифротии ташкилотҳои террористӣ мусалмононро забҳ намуда, бо усулҳои гуногун (гарданбурӣ зинда оташ задан ва зери хок кардан ва ғр) инсонҳоро ба ҳалокат мерасонад. Усули рафтор ва кирдорҳои террористон аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо мусалмон набуда ва ягон меъёр ва арзиши динӣ барои онҳо эътибор надорад.
Ҷиноятҳои сангин ва махсусан вазниние, ки ташкилоти террористии ДИИШ ва ҳампаймонҳои он дар қаламрави Ироқ, Сурия ва дигар давлатҳои даргир аз номи «Аллоҳ» ва «Ислом» анҷом додаанд, сад дар сад амал ва кирдорҳои ифротӣ ва террористӣ буда, омили бадномкунандаи дини поки ислом мебошанд. Ин далоил аз он шаҳодат медиҳад, ки афроди бо ном муҷоҳиди созмон ва ҳизбҳои ба ном динӣ одитарин иртибот ба динӣ мубини Ислом надошта, балки назди онҳо меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии Қуръон арзиш ва эҳтиром надоранд.
Аз ҳамин лиҳоз амал ва кирдорҳои террористон хилофи таълимоти дини ислом ва зидди конвенсияҳои ҳуқуқи башар буда, набояд ҷавонони мусалмон шомили чунин созмонҳо, ҳизбҳо ва ташкилотҳои ифротӣ ва террористӣ шаванд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронии хеш нисбати таъмини бехатарии минтақа ва дафъи маззарати ифротгароӣ ва иғвоангезии созмонҳои такфирӣ ва ифротӣ чунин таъкид намуданд: «Бо назардошти минтақа ва муноқишаҳои атрофи он ба халқи тоҷик ва вакилони мардумӣ, алалхусус, сиёсатмадорон, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аҳли қалам ва кормандони воситаҳои ахбор инчунин ҷавононро лозим аст, ки фарҳангӣ воло, маърифати сиёсӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, гирифтори бегонапарастӣ, тарғиботи ифротгароёнаи динию ғояҳои экстремистӣ, терроризму зуроварӣ ва идеологияи таҳмилёфтаи доираҳои ғаразноки кишварҳои дигар нашаванд».
Аз ҷавонон даъват ба амал оварда мешавад, ки аз қасду ниятҳои нопокӣ ташкилотҳои террористӣ огоҳ бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ руҳафтода нагарданд. Шукргузорӣ аз соҳибдавлат будани хеш ва бо андеша дар миқёси даҳсолаҳо фаъолияти созандагию бунёдкориро ба нафъи Ватани маҳбуб, ба нафъи наслҳои оянда дилпурона идома диҳанд.
Саидов Умар – мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб