БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҶРОИ ҲАДАФҲОИ ОЛИИ ҲХДТ ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Аз ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзизода Каримҷон бармеояд, ки ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ баҳри амалӣ гардидани Қарорҳои Анҷумани 12-уми ҲХДТ, дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб, Барнома ва Оинномаи ҳизб корҳои мушахассро ба ҷо оварданд.

Дар ин давра 89 ташкилоти ибтидоӣ таъсис дода шуда,  беш аз 690 нафар эътиқотмандон ба сафи  ҳизб қабул гардиданд. Кумитаи иҷроия пайваста кӯшиш  намуд, ки дар  баланд бардоштани тарбияи маънавии  ҷомеа, мустаҳкам кардани иқтидори иқтисодию иҷтимоӣ  ва фарҳангӣ саҳми арзанда гузорад.

Инчунин, изҳор дошта шуд, ки намояндагони ҳизби ноҳия масъулияти худро барои ободии имрӯзу фардои Ватану миллат ва таъмини зиндагии шоистаи ҷомеа ба хубӣ дарк мекунанд. Барои боз ҳам густариш бахшидани иртибот бо мардум ва ҷалби оммаи васеъ  дар амалӣ шудани марому мақсад ва иқдоми созандаи ҳизб, баргузор намудани корҳои созандигиву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Кумитаи иҷроия дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоӣ дар муддати дувуним сол  чорабиниҳои гуногуни сиёсиро ба роҳ  мондааст.

Дар идома қайд гардид, ки  барои дар сатҳу сифати баланд иҷро намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат аз ҳар як узви ҲХДТ  масъулияти баланди шаҳрвандиро тақозо менамояд. Ҷиҳати саҳм гузоштан дар таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ соли 2019 барои ташкилотҳои ҳизбии вилоят «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ»  эълон карда шуд.  Дар ин раванд Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!», ки аз нимсолаи дуюми соли 2018 оғоз гардида буд, роҳандозӣ гардид. Кумитаи иҷроия  дар  татбиқи амалии  Аксия ба ниёзмандон, кӯдакони ятиму танҳо ва шахсони маъюбону бепарасторон кӯмакҳои яквақтинаи моддиву молиявӣ расониданд.

Зимнан, барои ҳизбиёни ноҳияи Панҷ соли 2018-2019 соли ҷаҳду талошҳо дар роҳи татбиқи ғояҳои созандаи ҳизб буд ва онҳо  дар ин самт фидокорона талош варзиданд. Ба хотири бечунучаро ва бомасъулиятонаву дар сатҳи баланди сиёсӣ иҷро намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти ҳизб Парчами ифтихории ҳизб ба Кумитаи иҷроия супорида шуд.

Дар кори Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, узви Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ, раиси ноҳия Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер иштирок ва баромад намуданд.

Ҳайати нави Кумитаи иҷроия, комиссияи тафтишотӣ ва вакилон ба Конференсияи 12-уми ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб гардиданд.

Дар охири Конференсия ба чанд нафар фаъолони ҳизб Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  дар фазои тантанавӣ супорида шуд.

Қабл аз анҷоми Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ барои беҳтар ва пурмасъул гардидани фаъолияти ҳизбиёни ноҳия калиди мошини хизматиро ба раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзизода Каримҷон супорид.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg