БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНФЕРЕНСИЯ ДАР САТҲИ БАЛАНДИ СИЁСӢ ДОИР ГАРДИД

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62-и ноҳияи  Абдураҳмони Ҷомӣ Конференсияи 19-уми ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид, ки дар он 5 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар кори конференсия узви Кумитаи иҷроияи ноҳивии ҳизб, И.в. раиси ноҳия Саиди Ёқубзод, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Дилафрӯзи Абдулло ва дигар шахсони даъвати иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қабл аз баргузории конференсия намоиши дастовардҳои ҳизбиёни ноҳия ба маърази тамошо гузошта шуд, ки иштирокдорон аз он дидан намуда, ба заҳмату ҳунарҳои дастии онҳо баҳои хуб доданд. Ин ҳама аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва ба истиқболи сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Баъдан ҳисоботи Кумитаи иҷроия оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия аз моҳи майи 2017 то моҳи ноябри 2019 ва вазифаҳои минбаъдаи он шунида шуда, сипас  музокираҳои якчанд нафар аъзои фаъоли ҳизб, ки дар баромадашон аз муваффақиятҳое, ки дар тӯли 25 соли  ҲХДТ-ҳамчун ҳизби пешбарандаи ҷомеа мебошад, ибрози ақида карданд. Инчунин, дар идома 9 нафар аъзои нави Раёсати Кумитаи иҷроия интихоб шуда, ҳамагон барои  фаъолона иштирок намудан дар маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода  ва чорабиниҳои ҳизбӣ даъват карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg