БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ ОЛИИ ВАТАНДОРИСТ!

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Чоргул»-и Ҷамоати деҳоти Зафар бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб мулоқот доир намуданд.

Масъулин  зимни суханронӣ қайд карданд, ки мо дар арафаи таҷлили иди пуршукӯҳ, яъне рӯзи қабули яке аз рамзҳои давлатӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Тибқи муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст. Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, Ваҳдати миллӣ ва саъйу талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.   Бо дидану шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсоси гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз, зери мавҷҳои Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва меоянд.

Сипас, байни иштирокчиён ва кормандони масъули ҳизбї оид ба самтҳои гуногуни равандҳои дохилию берунии сиёсї суҳбату гуфтугузорҳои судманд сурат гирифт.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg