БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН, ИНТИХОБОТ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади ҳарчи бештар тақвият бахшидани робитаи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб бобати  баргузории вохӯрию мулоқот чорабинии навбатӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27-и Ҷамоати деҳоти Карақамиш баргузор гардид. 

Зимни мулоқот масъулин дар бораи оиннома ва барномаи  ТҶҶ «Созандагони Ватан», самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҳизбӣ, интихоботи дарпешистода ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористию-экстремистӣ, пешгирнии бемориҳои сироятии хавфнок аз қабили ВНМО суханронӣ намуда, аз ҷавонон барои иштирок дар чорабиниҳои ҳизбӣ, аз ҷумла маъракаҳои муҳими сиёсӣ  хоҳиш кард, ки масъулиятнокӣ зоҳир намоянд.

Дар идомаи суҳбат сарвари муассисаи таълимӣ афзуд, ки  тарбияи  насли наврас аз  хонаву мактаб сарчашма гирифта, мо кормандони соҳаи маориф  мекушем дар таълиму тарбияи дурусти наврасон саҳми назаррас гузорем.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg