БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО АНДЕША АМАЛ МЕКУНЕМ!

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Гузаронидани суҳбату мулоқот бо қишрҳои гуногуни ҷомеа оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва огоҳонидани онҳо аз хатарҳои имрӯзаи ҷаҳони муосир саривақтӣ ва бамаврид мебошад. Бо дарки ин маънӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён мунтазам дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  вохӯриҳо мегузаронад. Чунин як вохӯрӣ дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “А. Ҷомӣ”–и Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён баргузор гардид, ки дар он намояндагони ҳизбӣ  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, зебогардонӣ ва дасти дармондагонро гирифтан дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон омилҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, мубориза бо чунин зуҳуроти номатлуб аз фаъолияти меҳварии    ҲХДТ мебошад,  иброз доштанд баромадкунандагон.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg