ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Хониши сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Литсейи касбӣ техникӣ»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур гузаронида шуд.
Масъулини КИ ноҳиявии ҲХДТ дар бораи сиёсати хирадмандона ва созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карданд. Қайд гардид, ки дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии мамлакат Пешвои миллат иброз доштанд, ки «Мо барои ҳар шахсе, ки мехоҳад касбу ҳунар, нияту нақша ва қобилияту истеъдоди худро амалӣ гардонад, яъне ҷиҳати худтатбиқкунии шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам меорем».
Таъкид шуд, ки пешрафти ҷомеа, тараққиёти илму техника ва техналогия тақозо мекунад, ки устодон барои баланд бардоштани сатҳи касбияти худ мунтазам кӯшиш кунанд. Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва ба ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.