ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «ҶДММ Роҳи Дурахшон»-и шаҳри Левакант бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ вохўрии судманд баргузор гардид. Валиев Суҳроб мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи шаҳр дар назди ҷамъомадагон баромад намуда атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дар бораи ватандўстию хештаншиносӣ ва эњтиром ба арзишњои миллию ахлоқӣ, сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, бори дигар мардумро аз амалҳои зишту нангини ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ хабардор кард.
Масъулин иброз намуданд, ки ба кор андохтани агрегати якуми нерўгоњи барќи обии «Роѓун», яъне иншооти таќдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тољикистон, ки бо шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу зањматќарини тољик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллї дар таърихи Тољикистони соњибистиќлол ва як ќадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба њадафи якуми стратегӣ -истиќлолияти энергетикї ба њисоб меравад.
Дар охир иштирокчиёнро ба иљрои корњои созандагию ободонї даъват намуданд.