ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Маркази таъмини бехатарии озуқаворӣ»-и ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ масъулини ҳизбӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, аз ҷумла тарғиби хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, омодагӣ ба маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода-интихоботҳои соли 2020, пешгирӣ аз воридоти маҳсулоти муҳлати истеъмолиаш гузашта ва пастсифат суханронӣ карда, ҳамагонро барои татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ҳидоят намуданд.