БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОНИ БОНАНГУ НОМУС ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАНД!

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Чунин унвон дошт, чорабиние, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39-ноҳияи Кӯшониён баргузор гардид.

Масъулин дар чорабинӣ дар бораи нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати демократӣ, пешрафту ободии Ватан ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру андешаҳои хешро баён доштанд.

Дар идомаи суҳбат таъкид шуд, ки Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошанд, ки дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ба даст овардани сулҳу Ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузоштаанд.

Инчунин, дар бораи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ гуфта шуда, иброз гардид, ки паст будани маърифати сиёсӣ ва сатҳи огоҳӣ аз раванди бадалшавии идеологияҳо боис мешавад, ки ҷавонон фирефтаи ақидаҳои ғаразноки ифротиён шуда, гумроҳ мегарданд. Ҷавононро зарур аст, бар зидди ин падидаи номатлуб муборизаи беамон бурда, давлату миллати хешро аз ин зуҳуроти хатарзо эмин нигоҳ доранд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg