ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дирӯз маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии “Танобчии боло”, “Танобчии миёна” ва “Танобчии поён”-и Ҷамоати деҳоти Танобчии ноҳияи Темурмалик бо иштироки намояндагони ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар оғози маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ дар тӯли 2,5 соли охир шунида шуда, бо дастгирии иштирокдорон раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб ва ба номзадии вакилӣ шахсони арзанда, ки дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ саҳми арзанда доранд, ба конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ гардиданд.
Дар идома масъулин дар бораи дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ, омодагии ҳамаҷониба ба маъракаҳои муҳими сиёсӣ-интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб сухан гуфта, иштирокчиёнро даъват карданд, ки ҳамеша содиқона ба халқу Ватан хизмат намоянд.