БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАРОИТИ КУНУНӢ ҲУШЁРИЮ ЗИРАКӢ МЕХОҲАД!

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар  ташкилоти ибтидоии «Навободи поён» доир гардид.

Масъулин зимни баромади хеш оид ба амалишавии се ҳадафи стратегии мамлакат - таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, раҳоӣ аз сарбастагии коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти  озуқавории мамлакат сухан ронда, ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии кишварро ҳаматарафа шарҳу тавзеҳ доданд.

Инчунин, дар идома хатарҳои терроризму экстремизм, паёмадҳои хатаровари ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, моҳияти қонунҳои миллӣ, масъалаҳои марбут ба интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баррасӣ   шуда, иштирокдорон барои саҳмгузорӣ дар чорабиниҳои ҳизбӣ, аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ даъват  шуданд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg