БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАН САРЧАШМАИ ҲАЁТ ВА БАҚОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ АСТ!

АНДЕША. Агар ба зиндагӣ талошу бозёфтҳои илмиву эҷодӣ, падидаҳои иҷтимоӣ бо назари нек аз равоқи орзуву умедҳо назар кунем мебинем, ки айёми Истиқлолият ба занону духтарони тоҷик руҳу тавон, қудрат ва назокату таровати тоза ато кардааст. Зан дар оилаи тоҷик ҳамеша нақши асоси дошт. Зеро ифату зебоӣ, фурутаниву маърифатнокӣ хоси зан буда, ба зиндагии мард ва аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Аз ин рӯ аз оғози таърих то имрӯз мардуми мо бо маърифатнокшавии зан аҳамияти хоса дода шуд, ки занон дар ҷомеъа пешоҳанг бошанд. Дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон ва дигар аъзоёни оила маърифатнок тарбия ёбанд.

Агар зан китобхон боифат ва донишманд бошад, фарзандон низ майл ба дониш карда, хислатҳои неки модарашонро дар худ парвариш медиҳанд ва бо модарашон пайравӣ мекунанд. Чунин мисолҳо хеле бисёранд, масалан модари устоди бузург – Садриддин Айнӣ нахустин гомҳояшро ба олами илму адаб таҳти сарпарастии модараш гузошта, хату савод баровард. Бобоҷон Гафуров писари шоираи маъруфу машҳур ватандӯстӣ тоҷик – Розия Озод мебошад.

Ба олами илм бо ҳидояти модари донишмандаш омадааст. Ба халқу Ватан содиқона хидмат намуда, ба дараҷаи роҳбари аввали мамлакат сабзида расида, дар илми шарқ шиносии ҷаҳон олими шинохтаву эътирофшуда мебошад. Дар баробари ин дар сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки дар лаҳзаҳои ҳассос занони тоҷик дар қатори мардон мардонагиву шуҷоат ва қаҳрамонӣ нишон додаанд. Намунаи ин қаҳрамониҳоро дар фаъолияти  Малика Томирис, қаҳрамониҳои Рухшона, чил духтари покдомани Хатлонӣ, ҷонфишониҳои Гурдофарид ва ватандӯстии Ойгул  Муҳаммадҷонова дида метавонем.

Маҳз ана ҳамин таҷрибоҳоро омӯхта, дар бунёди ҷомеа демократӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол ба маърифати зан таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Ба ин хотир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ба Паёми ҳарсолааш ба масъалаи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеъа диққати ҳамагонро ҷалб месозанд. Имсол низ Президенти мамлакатамон, Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 26.12.2018 дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намудаанд, ки шумора занон дар сафи хизматчиёни давлатӣ афзоиш ёфта, соли 2018 дар мансабҳои роҳбарикунанда 19% ва дар ҳайати хизматчиёни давлатии мақомати марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 25%-ро занону духтарон ташкил медиҳанд. Аммо ҳоло ҳам талабот ба фаъолияти занон дар корҳои давлатӣ бештар аст. Зиёдтар ҷалб кардани бонувон ба кор дар муассисаҳои давлатӣ ва хизмати давлатӣ пурманфиат арзёбӣ мешавад. Баъзан ҳолатҳое ҷой доранд, ки ба масъалаи омӯзиш ва соҳибкасб гардидани занон кам аҳамият дода мешавад. Ин гуна рафтор ба талаботи замон мувофиқ нест. Вақти он аст, ки аз суханпардозӣ ва ҳисоботпуркуниҳо даст кашида, ба кори амалӣ гузарем, тарбияти занони бомаърифатро дар оила дар мактаб ва ҷомеа мақсаднок ташкил намоем. Манзур аз ин иддао тарбияи духтарон дар мактаб ва оила мебошад. Ин ду ниҳод метавонанд дар алоқаманди тарбияи фарҳанги оиладорӣ, касбомӯзӣ ва соҳибилм шудани духтаронро, ки занону модарони ояндаи мо ҳастанд, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.

        Пас занону модарон бояд тавре кору зиндагӣ кунанд, ки рисолати модариро сарбаландона бо ҷо оварда, ба рафтору гуфтор ва хизматҳои софдилонаи худ ба боварию эътимоди Пешвои миллат, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва умуман халқу диёр пайваста дар ҷодаҳои ҳаёт ҳамеша арзандаи ҳамагуна эҳтирому қадршиносӣ ва дӯстдорӣ бошанд.

Фаризаи Давлатмурод – узви ҲХДТ, омӯзгори ДДК

      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg