БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР КОНФЕРЕНСИЯ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ БАРРАСӢ ГАРДИДАНД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Конференсияи XXII-уми  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид. То оғози Конференсия дар толор сабти наворҳо аз рафти суханрониҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани ХII-уми  ҲХДТ пешкаши вакилон карда шуд.

Дар кори Конференсия узви Раёсати Кумитаи иҷроия, И.в. раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Баҳром, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулғаффор, муовини раис – роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб  Иброҳимзода Неъматулло, Раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон Шафиев Исмоил, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён иштирок доштанд.

Конференсия тибқи рӯзномаи тасдиқшуда ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроия аз моҳи июни соли 2017 то моҳи ноябри соли 2019, ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ аз моҳи июни соли 2017 то моҳи ноябри соли 2019, ҳисоботи гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Кӯлоб аз моҳи июни соли 2017 то моҳи ноябри соли 2019, интихоби ҳайати нави Кумитаи иҷроия,  интихоби ҳайати нави Комиссияи тафтишотӣ, интихоби вакилон ба Конференсияи XII-уми  вилоятӣ баррасӣ карда шуданд.

Роҳбарияти Кумитаи иҷроия доир ба фаъолияти Кумитаи иҷроия аз моҳи июни соли 2017 то моҳи ноябри соли 2019 ҳисобот дода, гуфт, ки дар шаҳри Кӯлоб низ чун дар тамоми Тоҷикистон ҲХДТ дорои мавқею обрӯ ва ҷонибдории устувори сокинон буда, Кумитаи иҷроия дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда, қарорҳои Анҷмани ХII, Оиннома ва Барномаи ҳизб, дастуру супоришҳои КИМ ҲХДТ ва КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар ин давра ба натиҷиҳои назаррас ноил гардидааст.

Ҳамзамон дар баробари баррасии масъалаҳои Конференсия, аввалин маҷлиси Кумитаи иҷроия дар ҳайати нав баргузор гардид, ки дар он тибқи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис ҳайати нави Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб интихоб шуда, ҷадвали баргузории вохӯриву суҳбатҳо ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ ва номзади ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ҳудуди участкаҳои интихоботии шаҳри Кӯлоб аз 11 декабри соли 2019 то 22 феврали соли 2020 тасдиқ гардид.

Инчунин, барои хизматҳои арзандааш дар рушду нумуи диёр, кордониву ташаббускорӣ, дарки баланди масъулият дар амалӣ гардонидани сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми босазо гузоштанаш дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб Раҳмонзода Абдулғаффор вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуд.

Қарорҳо ва масъалаҳое, ки дар Конференсия ва маҷлиси Кумитаи иҷроия барраси  карда шуданд ба манфиат ва пешрафти ҷомеа равона шуда, ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани корҳои ҳизбӣ дастурҳои мушаххас дода шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg