ВОКУНИШ. Ҷумҳурии Тоҷикистонро то ба имрӯз зиёда аз 160 давлати дунё ба расмият шинохтаву пеши таҷрибаи сулҳофарии миллат ва Роҳбари кишвар сари эҳтиром фурӯд овардаанд. Ҳар як сафари Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сарони давлатҳои дигар ба хушӣ пазируфта шуда, натиҷаи он сафарҳо барои рушди иқтисодии ҷумҳурӣ паёмадҳои нек дар бар дорад. Аммо чӣ бошад нотавонбинони миллат, ки худро мухолифин ном гузоштаанд, аз сафари расмии Роҳбари давлат ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо беқарор гардида, дар расонаҳои иттилоотию шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ сарусадоҳои зиёдеро ба амал оварданд.
Сомонаҳои ифротӣ ва террористӣ аз фурсати муносиб сӯистифода намуда, бо суръат машғули иғвоангезиву тафриқаандозӣ ва дасисабозиву ҳангомасозӣ гардида, маблағи аз ҷониби хоҷагонашон пардохташударо сарф мекунанд. Чунин ба назар мерасад, ки агар хоинони миллати тоҷик сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кишварҳои Аврупо бо таънаву надомат ва иғвои худ нороҳат насозанд, дилашон мекафад. Бори аввал нест, ки ин зодагони водии макру ҳилла аз сафари Пешвои миллат ба ин ё он кишвари Аврупо нороҳат мешаванд ва ба мисли гадоён ба кӯча баромада, ба қавли худашон эътироз баён менамоянд. Аммо сабаби аслӣ дигар аст.
Сабаби нороҳат шудани хоинони миллати тоҷик аз сафари Сарвари давлат ба кишварҳои Аврупо ин аст: Хоинони миллат аз ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон бо кишварҳое, ки онҳо дар он ҷо чун паноҳҷӯ қарор доранд, ба мисли марги худ метарсанд. Хоинони миллати тоҷик аз он дар ҳаросанд, ки кишварҳои ба онҳо паноҳгоҳи сиёсӣ дода, аз ин тоифаи ватанфурӯшу беномус раҳоӣ ҷуставу онҳоро аз кишвар хориҷ хоҳад кард. Онҳо аз он метарсанд, ки бо вусъат ёфтани робитаҳои мутақобилан судманди Ҳукумати Тоҷикистон бо кишварҳои абарқудрати Аврупо парда аз рӯи корҳои сиёҳи онҳо бардошта мешавад ва эшон назди оламиён русиёҳтару шармандатар мегарданд.
Воқеан, дар ойини дӯстиву ҳамкорӣ миёни кишварҳо танҳо як мавқеъ ҷой дошта метавонад, яъне мавқеи дӯстиву ҳамкории кишварҳо дар ҳамаи ҷанбаҳои муносибатҳои дутарафа. Аз ин лиҳоз, хоинони миллати тоҷикро дар ояндаи наздик тарки пуштибонӣ аз ҷониби хоҷагон, давлатҳои паноҳанда ва рондашавӣ интизор аст.
Зодагони водии макру ҳилла, хоинони миллат, агар шумо воқеан Ватани хешро дӯст медоштед ва дилатон барои он месӯхт, чаро амали террористиеро, ки шаби 6-уми ноябри соли ҷорӣ ба дидбонгоҳи марзии “Султонобод” дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ба амал омад ва боиси нигаронии шаҳрвадони Тоҷикистон гардид, маҳкум накардед? Чаро ба наздикони қурбониёни ин ҳодиса, ки ҳамватанони мову шумоянд, изҳори тасаллият баён накардед? Оё онҳо ин хоку ин миллатро ҳимоят намекарданд?! Дуруст мегӯянд, ки дар ду курсӣ шиштан имкон надорад. Бинобар ин шумо курсии хиёнаткоронро ба худ авлотар дониста, бори дигар исбот намудед, ки на дар фикри Ватан ҳастед ва на дар фикри ҳамватанони хеш.
Шумо танҳо дар фикри манфиати шахсии худ ҳастед. Шумо бозичаи дасти кишварҳои алоҳида ва гурӯҳҳои террористиед. Дар назди шаҳрвандон ва ҳукуматдорони аврупоӣ шумо ҳамон саги гушнаеро мемонед, ки аз аккосзании шумо ҳаловат мебаранд ва шуморо таамсхур мекунанд.
Тамоми дунё ва аз он ҷумла кишварҳои Аврупо сиёсати оқилона ва хирадмандони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хуб медонанд. Истиқболи гарму самимии Сарвари давлат ҳам дар кишвари Швейтсария ва дар Фаронса гувоҳи ин гуфтаҳоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон яке аз кишварҳои соҳибамни олам ба шумор меравад. Имрӯз нерӯҳои амниятиву қудратии Тоҷикистон ҳамқадами замон буда, барои мубориза бо дилхоҳ гурӯҳ ва ҳизбу ҳаракати ифротиву террористӣ омода мебошанд. Ҳеҷ қувва ва афроди алоҳидаву гурӯҳаке наметавонад оромии Тоҷикистони азизи моро халалдор созад. Дигар мардуми тоҷикон мардуми солҳои 90-ум нест, ки ба ҳар сухану дасисаҳои бадхоҳони миллати хеш гӯш бидиҳад. Ин миллат сабақи таърихро гирифта, дигар асло ҳодисаҳои нангини бар сараш омадаро такрор нахоҳад кард. Дигар ҳатто бар ивази сарвати дунё наметавон миллати тоҷикро фиреб дод. Ин миллат дигар иштибоҳ нахоҳад кард. Дигар ҳаргиз ба доми бадхоҳону аҳримансириштон нахоҳад афтод. Ин ҳамаро бояд бадхоҳони миллати тоҷик бидонанд ва дониста бошанд, ки ҳар касе бар сари ин миллат ва Пешвои он даст мебардорад, дар гирдоби балои худ ҳалок хоҳад шуд. Зеро беҳуда нагуфтаанд:
Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.
Диловаршо Исозода,
вакили Маҷлиси вакилони
халқи шаҳри Бохтар