ҲАМАДОНӢ. Дар доираи истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо иштироки муовини аввали раиси вилояти Хатлон Хайрулло Амонулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло, раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат, фаъолону ҷонибдорони ҲХДТ, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур ифтитоҳ ёфт.
Хайрулло Амонулло дар назди ҷамъомадагон дар бораи корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуда, ифтитоҳи бинои маъмурии ҳизбиро туҳфаи сазовор бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон намуд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ дар ноҳияи мазкур автомашинаи хизматӣ такдим гардид.