БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНФЕРЕНСИЯИ 28-УМИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун Конфересияи 28-уми ҳисоботи-интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун баргузор гардид.

     Дар кори конференсия узви Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳия, муовини аввали раиси ноҳияи Ҷайҳун Собирзода Диловаршо Аъзам, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Дилафрӯзи Абдулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод ва дигар шахсони даъватӣ иштирок намуданд.

    Рӯзномаи конференсия аз панҷ масъала иборат буда, ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроия (аз моҳи январи соли 2018 то моҳи ноябри соли 2019), ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ, интихоби ҳайати нави Кумитаи иҷроия, интихоби ҳайати нави комиссияи тафтишотӣ ва интихоби вакилон ба Конференсияи 12-уми ҲХДТ дар вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

     Конференсияи 28–уми ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар сатҳи баланди сиёсӣ ва ташкилӣ гузаронида шуда, дар охир ба 16 нафар фаъолони ҲХДТ, ки дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ-ҳизби пирӯзу пешоҳанги ҷомеа саҳми назаррас гузоштаанд сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҳизб    тақдим шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg