БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТӮҲФАИ ИДОНА БА ҲИЗБИЁНИ БАЛҶУВОН

БАЛҶУВОН. Дар доираи бунёдкориҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 27-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ бо дасгирии бевоситаи роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Давлатзода Нусратулло ва фаъолони ҳизб дар ноҳияи Балҷувон бинои маъмурӣ бо таъмини шароити муосири корӣ ба  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Дкмократии Тоҷикистон дар ноҳияи мазкур тақдим карда шуд. Дар ин маросим  муовини Раиси ҲХДТ Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода, раиси Куитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло, узви КИМ ҲХДТ, раиси ноҳияи Балҷувон Зоирзода Маърифат иштирок доштанд.

Бинои мазкур  2 ошёна буда,  дорои 5 ҳуҷраи корӣ ва маҷлисгоҳ мебошад.   Дар ин рӯзи  бошукӯҳ  аз ҷониби  Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ба Кумитаи иҷроия дар ноҳияи мазкур автомашинаи хизматӣ тақдим карда шуд. Калиди автомашина дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Бобоҷониён Ранохон ба раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  супорида шуд.    

    Дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Балҷувон чабинии сиёсю-фарҳангӣ баргузор гардида, масъулон оид ба хизматхои шоёни Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши Ӯ дар эъмори ҷомеаи демократӣ  суханронӣ карданд. Аз ҷумла таъкид доштанд, ки ҳар як сокини Тоҷикистонро зарур аст, ба қадри хизматҳои ин абармарди сиёсат расида, баҳри ободии диёри хеш ҳиссагузор бошад. Ҳеч гоҳ фирефта ва бозичаи дасти дасисабозони гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ нагардида, Ватани аҷдодиамонро ҳамеша муҳофиз бошад.

Дар чорабинӣ муовини Раиси ҲХДТ Бобоҷониён Раънохон ва Раҳмонзода Абдулло - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон     барои саҳми арзанда гузоштан дар пешбурди корҳои ҳизбӣ ва амалӣ гардидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ноҳияи мазкур бо ифтихорномаи   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз  гардонида шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg