БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ СУБОТУ ОРОМИИ КИШВАР ҲАМА ВАЗИФАДОРЕМ!

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деҳаи Гагарини Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён намояндагони ҳизбӣ бо сокинон вохӯрии судманд доир намуданд.

Масъулин дар вохӯрӣ оиб ба ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҲХДТ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти  шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» фаъолият намуда, садоқати худро ба арзишҳои соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ эълон дошта, барои тараққиёти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ мегардонад.

Инчунин, оид ба таҳдиди экстремизму терроризм ба амнияти ҷомеа сухан рафта,  гуфта шуд, ки мубориза бо терроризм аз ҷомеа дастҷамъиро тақозо менамояд ва моро зарур аст, ки дар раванди бадалшавии идеологияҳо маърифати сиёсии хешро баланд намуда, ҷиҳати ҳимояи суботи кишвар талош намоем.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg