ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ ба оилаи ниёзманд аз ташкилоти ибтидоии «Шар-Шар»-и Ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш маводи хӯрока ва таҷҳизоти барқии нонпазӣ кумак расонида шуд.
Бояд қайд намуд, ки ятимон, маъюбон ва оилаҳои эҳтиёҷманд ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи ҲХДТ қарор дошта, пайваста ба онҳо аз ҷониби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ғамхорӣ зоҳир карда мешавад.