БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН БОЯД ҲУШЁРУ ЗИРАК БОШАНД!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Идораи хоҷагии об»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур гузаронида шуд. Масъулин оид ба пешгирии шомилшавии чавонон ба гурӯҳҳои террористиву ифротгаро, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ ба муносибати сазовор пешвоз гирифтни ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  сухан гуфтанд.

Баромадкунандагон иброз доштанд, ки дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои навадуми асри гузашта фирефтаи гурӯҳҳои таблиғотӣ, неруҳои ифротгарои динӣ, бадхоҳони миллати тоҷик ва давлати тоҷикон нагарданду ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқу давлат омода бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg