ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Намояндаии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар муассисаи таълимии №2-и шаҳри Левакант таҳти унвони «Мо ҷавонон пуштибони Ватанем» бо хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ доир намуда, дар мавзӯъҳои муҳими рӯз суҳбат оростанд.
Аз ҷумла қайд гардид, ки имрӯзҳо тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳсилу донишандӯзии насли наврас тамоми шароит фароҳам оварда шудааст ва таъмини синфхонаҳои компютерию дигар таҷҳизоти наву замонавӣ дар омӯзиши фанҳои алоҳида нақши муҳим доранд.
Хонандагон дар навбати худ изҳор доштанд, ки албатта дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои давлату Ҳукумат баҳри хубтару беҳтар аз худ кардани фаҳои таълимӣ, ахлоқи хубу ҳамида доштан ва пешрафту шукуфоии ин сарзамини биҳиштосо, ки хонаи умеди ҷумла тоҷикони ҷаҳон аст, талош хоҳанд варзид.