БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ТАЪЛИМИ ФАРЗАНДОН ШАРОИТ МУҲАЙЁ МЕКУНЕМ!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вохӯрии  навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии  “Оби  Ширин” баргузор гардид.

   Зимни мулоқот  раиси Кумитаи иҷроия дар ноҳияи мазкур оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, дар бораи ба  даҳҳо  ҳазор  хонавода  суру  шодмонӣ  бахшидани  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  авф”,  ки   рӯзи  25  октябри  соли  ҷорӣ  дар  таърихи  навини  тоҷикон  ҳамчун  як  рӯзи  хотирмону  таърихӣ  сабт  шуд,  суханронӣ намуд.       

    Инчунин масъулин дар бораи   баргузории ҷаласаи  машваратии  байниҳукуматӣ оид  ба  рушди  ҳамкориҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Ҷумҳурии  Федеративии  Олмон, ки  бо  иштироки  ҳайатҳои  ҳар ду мамлакат  ва  намояндагони  созмону  ташкилотҳои  алоҳида  дар  шаҳри  Душанбе  баргузор  гардид,  ибрози  назар намуданд.

    Ҳамзамон дар ин баробар  интихоби  раиси  ташкилоти  ибтидоӣ  ва  пешбарии  вакилон  ба  конференсияи  ҳизбии ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

     Дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя  ҳал  мекунем!” иштирокдорон як синфхонаи муассисаи таълимии деҳаро ба  маблағи  1500 сомонӣ  бо  аёниятҳои  дарсӣ    муҷаҳҳаз   намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg