КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади амалӣ намудани Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар деҳаи Орзуи Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён мулоқоти навбатӣ гузаронида шуд, ки дар он намояндагони ҳизбӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Масъулин зимни суҳбат оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, аз ҷумла роҳандозии корҳои хайру сахо ба хотири паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба ҷойи маъракаҳои беҳуда сухан гуфта, иштирокдоронро ба дӯст доштани Ватан, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, ки аз ҳар як шаҳрванд масъулиятнокиро тақозо мекунад, даъват ба амал оварданд.
Сипас, ҷиҳати дастгирии шахсони ниёзманди ҷомеа Аксияи ҳизбӣ баргузор гардида, ба сокини деҳаи мазкур Гулсифат Шарипова, ки маъюби гурӯҳи 1 мебошад, кумаки ғизоӣ расонида шуд.