БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РӮЗЕ МЕРАСАД, КИ НАҲЗАТИЁН МИСЛИ ЗАНИ ХИЁНАТПЕША ШАРМАНДАВОР АЗ ХОҶАҲОЯШОН ТАЛОҚ ХОҲАНД ГИРИФТ!

ВОКУНИШ. Таърих ҳаводису воқеъаҳои зиёдро дар хотир дорад, ки гурӯҳи одамон, ки Ватан, миллат ва давлати худро барои пулу мол шуда фурӯхтаанду ба нафрини мардум ва таҳқиру тамасхури арбобҳо гирифтор шудаанд. Дар ҳамин маврид Муҳаммад Ҳиҷозӣ бисёр сухани олӣ гуфтаанд: “Оне, ки ба Ватани худ хиёнат мекунад, нодонест, ки модари худро ба душман мефурӯшад ва ба ҷуз таҳқиру тамасхур ҳеҷ подоше намегирад!”.

Ин суханони волоро воқеъияти таърихӣ исбот карда истодааст. Аз ҷумлаи чунин гурӯҳу ашхосҳо ин ташкилоти террористӣ-экстримистии наҳзати исломӣ мебошад, ки онҳо барои пулу мол ва мансаб шуда миллату давлатро фурӯхта бар сари миллати тоҷик борҳо рӯзҳои сиёҳи таърихро овардаанд.  Исботи ин гуфтаҳо ҳамин аст, ки дар тули 5-соли аввали соҳибистиқлолии кишвар инҳо “Инқилоби исломӣ”-ро  ташкил карданд, 150-ҳазор сокинони Тоҷикистонро куштанд, бо ин корашон даҳҳо ҳазор кӯдаконро ятим монданд, беш аз 2-миллион шаҳрвандон бар асари инқилоби ҳизби шайтонии онҳо бехонумон ва дарбадар карданд, ба хоҷагии халқи кишвар зиёда аз 8-миллиард доллари амрикоиро зарари милоӣ расониданд. Таъсири ҷангу ваҳшати андохтаи онҳо ба равони мардум беҳисоб буд, ба таълиму тарбия, ба маънавиёти мардум, ба қувваи зеҳнии ҷавонон, ба одобу ахлоқ, ниҳоят ба ҳама сохторҳо ба таври манфӣ расид.

Ин хуксифатон дини мубини исломро барои худ сипар карда, барои роҳандозӣ кардани ҳамаи нақшаҳои палидонаи хеш аз ҳеҷ кори сиёҳашон даст намекашанд. Барои ин ҳазорҳо нафар ҷавонони кишварро гумроҳ карданд, ҳазорҳо ҷавонони кишварро ба таасубгару хуруфотпараст карда ба зери таъсири ақидаҳои ифротии хеш қарор дода ба Сурияву Ироқ фиристодан, садҳо нафари дигарро бо ваъдаи зиндагии беҳтар ба кишварҳои авруппоӣ ҷалб намуда, барои корҳои сиёҳӣ худ истифода мебаранд. Аксариати ин ҷавононро тамоман намешавад онҳоро дар ҳисоби зиндаҳо шуорид. Шоире дар ҳамин маврид бисёр сухани хуб гуфтааст:

Марг он набувад, ки гӯру чӯбат кунанд,

 Раҳгум задан андар зиндагонӣ марг аст .

Пас маълум мешавад, ки ин саркардагони ТТЭ ҲНИ ташкилотчиёни динситез арзишҳо ва ахлоқи воқеии исломи покро ба хотири пулу пайсаи ҳароми хоҷаҳояшон шуда, ба ифрот табдил додаанд. Инҳо арзишои исломӣ ва дунявиро камранг нишон дода, бо ақидаҳои ифротгароёнаи худ зеҳнҳои мардумро ошуфта сохта, мардумро ба ҷангу ҷидол тафриқаандозӣ, маҳалгароӣ, бадбинии миллӣ роҳнамоӣ карда истодаанд. Наҳзатиёни террорист гуфтаҳои Худованду Паёмабрашро тамоман инкор мекунанд. Аз ҷумла Пайғамбари ислом Муҳаммад ( С.А.В) дар ҳадиси муборакашон мегӯянд:  “Ҳар амале, ки боиси тафриқа дар байни мусалмонон мешавад, ҳаром аст”. Аммо кори ҳамешагии инҳо ҳамон тафриқаву дассисабозӣ ва назаряпардозии ифротгароёна аст.

Пас маълум мешавад, ки наҳзатиҳо бо роҳбарии Кабирӣ барои авомфиребӣ номи Худову Расулашро намоишкорона ба забон меоранд. Дар асл инҳо беимонанд, на аз Худо шинохти дуруст доранд ва на аз Пайғамбараш.

Ҳой Кабирӣ! Имрӯз ту ва ту баринҳоро дар Тоҷикистон хуб мешиносанд. Дониста бошед, ки барои ту барин сиёҳкорони миллат, ки дасту поятон то оринҷу зону дар хуни ҷавонони кушташудаи тоҷик тар шудааст, Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ Ватан буда наметавонад. Аз ин лиҳоз, тую ту баринҳоро мо зиндаи дар гӯр ҳисоб мекунем. Акнун то марги воқеиятон чун мори саркӯфта талвоса мекунед ва ҳатман мисли зани хиёнатпеша шармандавор аз хоҷаҳоятон рӯзе талоқ ҳам хоҳед гирифт. Ба ин мо боварӣ дорем.

 Абдулҳақзода Бахтиёр,

мутахассиси  шуъбаи ташкилии

КИ ҲХТД  дар ноҳияи Фархор

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg