БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚАЛБИ МЕҲРОФАРИН!

АНДЕША. Имрӯзҳо дар саросари мамлакат мардуми сарбаланду хушиқболи тоҷик Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба нишонаи арзи эҳтиром ба ҷонфидоиҳои Пешвои маҳбуби худ дар солҳои нооромӣ ва тадбирҳои ҳадафраси ӯ дар рушду пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ҷашн гирифта истодаанд.

Пешвои миллат на ба ҳайси як ном ё унвон, балки ҷойгаҳест, ки мардуми тоҷик ва тоҷикони тамоми дунё ҳануз чандин солҳо қабл ҳамчун наҷотбахши миллат, бунёдгузори давлати навини тоҷикон, кафили сулҳу ваҳдат ва як порчагиии Тоҷикистони азиз ба роҳбарии давлати мо Эмомалӣ Раҳмон дода буданд.

Замоне, ки Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, кассе ҷуръат ва қудрату тавоноии ба дӯши худ гирифтани ин масъулияти бузургро надошт. Дар он лаҳзаҳои ҳассос касе ба хомуш шудани оташи ҷанг ва эътидол омадани вазъи сиёсӣ бовар надошт. Аниқтараш касе намедонист, ки бо кадом самту усул роҳи ҳали ин масъалаи мушкилро пайдо кардан имконпазир аст. Аввалин суханоне, ки дар иҷлосия аз забони сарвари тозаинтихоб садо доданд, мардумро ба ояндаи неки кишвар дилгарм сохтанд. ӯ он замон гуфта буд: «Ман ба шумо сулҳ меорам ё ҷони худро дар ин роҳ қурбон мекунам». Аввалин қадами неку созандаи Роҳбари давлат сари мизи гуфтушунид шинонидани тарафҳои ба ҳам муқобил буд.

Он замон мардуми азият дидаи тоҷик дар чеҳраи ӯ шарики шодию  ғами худро медиданд. Барои ба даст овардани сулҳу салоҳ дар мамлакат чандин маротиба нуқтаҳои даргири кишвар ва сарзамини ҷангзадаи Афғонистон сафарҳои корӣ анҷом дод. На таҳдиду зӯроварӣ на тири аду ӯро аз райъаш нагардонид. Пойдрии сулҳу салоҳ дар Тоҷикистон ба номи ин абармарди майдони сийсат сахт марбут аст ва ин воқеияти таърихиро касе инкор карда наметавонад. Барои сиёсатмадори хуб шудан касро чандин солҳо меомӯзанд, роҳу усулҳои муносибатҳои дипломатиро ёд медиҳанд, барномаҳо месозанд.

Роҳбари давлати мо бе ҳеҷ гуна тайёрӣ, бе ҳеҷ гуна барномарезӣ дар як муддати кутоҳ корҳоеро ба анҷом расонд, ки ин ҳар сиёсатмадори варзида аз уҳдаи он баромада метавонист. Маҳз ташаббусҳои  наҷибона, ибрати шахсӣ ва иродаи қавию неруманди ӯ имкон пеш овард, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима гузошта шуда, фишангҳои фалаҷшудаи давлатдорӣ барқарор карда шаванд. Мамлакат обод, миллат сарҷамъ  ва сулҳу салоҳ пойдор гардид. Солҳо қабл сиёсатшинос Р. Ҳаким гуфта буд: «… Шояд фақат ҳалли ҳамин масъала барои чеҳраи мондагори таърихи халқи мо ва пешвои миллии мардуми донистани Эмомалӣ Раҳмон кофӣ бошад»

Дар 28 соли мавҷудияти худ давлати мо он қадар таъғироту пешрафт кард , ки дар ҷаҳон ҳамто надорад. Имӯз боиси фахри мост, ки таҷрибаи сулҳи тоҷиконро давлатҳои дигар чун як дастурамал меомӯзанд. Лафзи ширин ва чеҳраи комилан тоҷиконаи ӯ аз минбарҳои баланд муаррифгари тамоми мардуми тоҷик аст.

Ҳар сухани ӯ барои ҳар оилаи тоҷик ҳамчун роҳнамои зиндагӣ пазируфта мешаванд. Ғамхориҳои пайвастааш дар ҳақи ятимон, пирон, маъюбону барҷомондагон ва занону ҷавонон ӯро азизи дилу дидаи ҳар хонадон гардонидааст. Сарвари мо қалби меҳрофарин, сиришти нурофарин ва ҳастии бахтофарин дораду бе ҳеҷ шаку шубҳа сазовор ба маснаднишинии ин ҷойгоҳи олист. 

Мо бо Президенти маҳбуби худ ифтихор дорем ва ҷашни Рӯзи Президент нишонаи қадрдонӣ ва ҳақшиносии мост. Ин ҷашн ба ҳама ҳамватанон муборак бошад!

 

Нуринисо Ибодуллоева,

мудири шуъбаи кор занон ва

ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg