БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҶЛОСИЯЕ, КИ РОҲИ ОЯНДАИ МИЛЛАТРО МУАЙЯН НАМУД!

АНДЕША. Аз рӯзи баргузории Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 сол пур шуда бошад ҳам, аҳамияти таърихии он сол то сол бузургтару зиёдтар мегардад. Арзишмандтарин дастоварди Иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он аст, ки шахси ҷасур, сарсупурдаи миллат, инсондӯсту ятимпарвар, сулҳу ваҳдатофар, созандаву бунёдкор, дӯстдори забон ва урфу одати миллӣ, хоксору ҳамдаму ҳамрози халқро дар симои Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат овард. Агар кӯшишу ҷоннисориҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намебуд, на танҳо ба сулҳу ваҳдат намерасидем, балки хавфи аз харитаи ҷаҳон нобуд шудани давлати тоҷикон ҷой дошт.   

Воқеъан ҳам Президенти кишвар ба савганди худ содиқ монд. Бо такя бо хиради азалии миллати тоҷик оташи ҷангро хомӯш кард, гурезагонро баргардонид, гуруснагиро аз байн бурд, манзилҳои харобгардидаро аз нав бунёд кард, мардумро ба зиндагии пурсаодат дилгарм ва  сулҳу ваҳдатро пойдор намуд.  Аз ин рӯ, Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олӣ барои мардуми мо яке аз санаҳои муҳими таърихӣ ба ҳисоб меравад. Онро метавон ҳамчун воқеаи наҷотбахши миллат ном бурд.

Маҳз ба шарофати он, мардуми шарифи Тоҷикистон ба ҳаёти осоиштаву созандагӣ расид. Бо баргузории он заминаи мусоид барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ дар кишвар ва ҳамчунин эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Иҷлосияи 16-ум барои миллати тоҷик тақдирсоз ва наҷотбахш буд, зеро он халқи тоҷикро аз оташи ҷанг наҷот бахшида, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пойдор сохт ва барои пойдории ваҳдати миллию истиқрори сулҳ нақши созгоре гузошт. Имрӯз маҳз ба шарофати сулҳу суботи комил, ки аз он рӯзи таърихӣ сарчашма мегирад, дар тамоми соҳаҳо пешравиҳо ба назар мерасад.

Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ ноҳияи куҳанбунёд ва зебоманзари Ховалинг ҳам, симои худро ба кӯлӣ дигар намуд. Мардуми сарбаланди ноҳия, аз ҷумла аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фазои сулҳу суботи комил кору зиндагӣ намуда,  барои ободию шукуфоии диёр ҷаҳду талош мекунанд. Сокинони диёр азми қавӣ доранд, ки то ҷашни бошукуҳи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бештар аз 300 иншоотҳои хурду бузургро сохта ба истифода диҳанд.

Мо бояд гузаштаро фаромӯш насозем. Аз он  дарси ибрат биомӯзем. Мебояд, ки ба қадри сулҳу суботи кишвар бирасем. Ҳама дастаҷамъона дар асоси сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободии кишвар камар бибандем.

 Саидҷалол Сатторов,

мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот

ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg