ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Вахш Конференсияи Х1V-уми Кумитаи иҷроия баргузор гардид.
Дар Конференсия ҳисоботи Кумитаи иҷроия ва комиссияи тафтишотӣ дар давраи моҳи майи соли 2017 то моҳи ноябри соли 2019 шунида шуда, ҳайати нави аъзои Кумитаи иҷроия интихоб гардиданд. Ҳамчунин иштирокдорон 48 нафарро ба вакилии Конференсияи Х11-уми ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб намуданд. Дар кори Конференсия раиси ноҳия Қурбоналӣ Юсупов, Раиси Кумитаи иҷроияи вилоятӣ Раҳмонзода Абдулло ва дигар шахсони даъватӣ иштирок ва суханронӣ карданд. Инчунин зимни баргузории Конференсия дар давраи ҳисоботӣ роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ ба музокира баромада оид ба фаъолияти ташкилотҳо дар давраи ҳисоботӣ маърӯза намуданд.
Дар охир дар бораи масъалаҳои болозикр қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, кори Конференсия анҷом ёфт.