БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНФЕРЕНСИЯИ XIV-УМИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯ ҚУБОДИЁН

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар толори  маҷлисгоҳи муассисаи  таълимии миёнаи умумии рақами 1-и ноҳияи Қубодиён  Конференсияи XIV -уми ҳисоботӣ- интихоботӣ доир гардид, ки дар он мудири шуъбаи молиявӣ ва хоҷагидории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  Шомуродзода Саидаъзам, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ  дар вилоят Шафиев Исмоил, узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҳизб, раиси ноҳия Файзуллозода Зафар, узви КИМ ҲХДТ , муовини раиси ноҳия  Шарипова Тоҷиниссо ва дигар шахсони даъватӣ  иштирок доштанд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар давоми моҳи ноябри соли ҷорӣ дар  ташкилотҳои ибтидоӣ маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардида, ба Конференсияи ноҳиявӣ 98 нафар вакилон аз ҳисоби шахсони арзанда интихоб шуданд.

Сипас,  оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи майи соли 2017 то моҳи октябри соли 2019 роҳбарияти Кумитаи иҷроия суханронӣ намуд. Аз ҷумла қайд гардид,  ки дар ноҳия 98 адад ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ фаъолият дошта, зиёда аз 9161 нафар аъзои ҳизбро муттаҳид менамоянд, ки аз  ин шумора 4363 нафарро занон ва 4325 нафарро ҷавонон ташкил медиҳад.  

Дар ин ҷода фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии “Авесто”, “Матлуботчиён”, “Заминсоз”, “Табибон”, “Беморхонаи-1”, “Ишмурод Ниёзов” ва Ҷамоати деҳоти “Тахти сангин” назаррас буда, раисони ин ташкилотҳои ибтидоӣ дар амалӣ гардидани ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ фаъол мебошанд.

Баъдан, Шомуродзода Саидаъзам,  Шафиев Исмоил  ва  Файзуллозода  Зафари  Хайрулло  сухаронӣ карда,  оид ба  мақсаду  мароми  ҳизб,  тақвият  бахшидани  фаъолияти  ситодҳои  таблиғотӣ, саҳми  ташкилотҳои ибтидоӣ дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ,  ҷоннок  намудани  корҳои  таблиғотӣ  дар  байни  ҷавонон  ва  тарбияи  онҳо  дар  руҳияи  ватандӯстию  ватанпарварӣ, корҳои  созандагию  бунёдкорӣ  гуфта  гузашта,   баҳри  ислоҳи  камбудиҳои  ҷойдошта маслиҳатҳои  судманд  доданд.

Дар охир фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ қаноатбахш ҳисобида  шуда, вакилон ба Конференсияи вилоятӣ пешбарӣ ва ба фаъолон барои саҳми арзандаашон дар тарғиби ғояҳои созандаи ҲХДТ бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg