Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар кохи фарҳанг Коференсияи 12-уми ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав баргузор гардида, дар он намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Шомуродзода Саидаъзам, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилоят Шафиев Исмоил, И.в раиси ноҳия Нишонзода Даврон ва дигар шахсони даъватӣ иштирок намуданд.
Зимнан ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроия аз моҳи июни соли 2017 то октябри соли 2019 шунида шуда, сипас намояндагон аз ташкилотҳои ибтидоии “Маорифчиён” ва аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» оид ба фаъолияти худ баромад намуданд.
Дар идома бо пешниҳод ва ҷонибдории вакилон ҳайати нави Кумитаи иҷроия, қомиссияи тафтишотӣ ва вакилон барои иштирок дар Конференсияи 12-уми ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб гардиданд.
Баъдан Шомуродзода Саидаъзам ва Шафиев Исмоил ба сухан баромада, иштирокдоронро даъват намуданд, ки дар иҷрои талаботҳои Оиннома ва Барномаи ҳизбӣ ва дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омодагиҳо ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода - интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бештару беҳтар масъулиятшинос бошанд.
Дар охир ба 5 нафар фаъолон барои саҳми назаррас дар тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи ҲХДТ, тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи баланди ватандӯстӣ бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи вилоятӣ, 10 нафар бо Сипосномаҳои ноҳиявӣ ва 4 нафар собиқадорони ҳизб бо туҳфаҳои молиявӣ сарфароз гардонида шуданд.