БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ ҶОМЕА АСОСИ ПЕШРАФТИ ДАВЛАТ АСТ!

ХОВАЛИНГ.   Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар ташкилоти ибтидоии “Бойторӣ”  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Дар баробари  шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вобаста ба соҳаи кормандони Маркази ташхиси бехатарии хӯрока ва пешгирии бемориҳои чорво  дар бораи роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ аз  ҷониби намояндагони ҳизбӣ сухан гуфта шуд.

Дар идомаи суҳбат аъзои ташкилоти ибтидоӣ дар иҷрои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла  ҳифзи солимии ҷомеа, ки асоси  пешрафти  давлат мебошад,  худро масъул ва вазифадор шумориданд.

 Дар охир Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” гузаронида шуда,  бо дастгирии ташкилоти ибтидоӣ ба 1 нафар модари танҳо  кумаки молиявӣ расонида шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg