БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАНРО ПУШТИБОНЕМ!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар муассисаи таълимии №1-и шаҳри Левакант бахшида ба 27-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии  иштирокчии Иҷлосия Файзулло Саидов бо ҷавонон доир гардид.

Масуф  аз он рӯзҳо ёдоварӣ карда,  оид ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот сухан ронда, ҷавононро ба дӯст доштани Ватан, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва талошу кӯшишҳои фарзандони содиқи Ватан дар роҳи расидан ба сулҳи комил дар кишвар ҳидоят намуд.

Инчунин, дар идома мавсуф  таъкид кард, ки ҷавонон бояд тамоми саъю кӯшиш хешро ба донишандӯзӣ, интихоби дурусти касб, ободиву пешрафти сарзамини азизамон ва ҳимояи марзу буми кишвар равона намоянд.

Сипас, намояндагони ҳизбӣ изҳор доштанд, чунин вохӯриҳо таҳти унвони «Ватанро пуштибонем» мувофиқи нақшаи чорабиниҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» сурат гирифта, ҷалби шахсони маъруф ва собиқадор таъсирбахшии чорабиниҳоро бештар мегардонад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg