БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН МУҲОФИЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

МӮЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки васеъи ҷавонон, фаъолони ҳизб ва иштироки намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар якҷоягӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Мӯъминобод  бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати мустаҳкам кардани дӯстию рафоқат миёни ҷавонону наврасон ҳамоиши хотирмон баргузор карда шуд.

Зимни баргузории чорабинӣ узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия Амиршозода Тоҳирхон Темур суханронӣ намуда, аҳамияти таърихии ин рӯйдодҳои муҳимро мавриди  баррасӣ  қарор дод.

Сипас, чанде аз ҷавонон доир ба нақши Пешвои миллат  дар таҳкими  сулҳу суботи кишвар,  ободиву пешрафти Ватан андешаҳои хешро баён дошта, ваъда доданд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳои Роҳбари  давлат бо амалҳои созанда, донишу малакаи замонавӣ ба халқу Ватан хизмати содиқона хоҳанд кард.

Чорабинии бошукӯҳ бо барномаи консертии рангоранг ҳусни анҷом ёфта, иштирокдорон  ба худ таассуроти нек бардоштанд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg