ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар хониши сиёсие, ки дар ташкилоти ибтидоии “Навобод Нур”-и ноҳияи Ховалинг гузаронида шуд, намояндагони ҳизбӣ дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба таври муфассал маълумот дода, аъзои ташкилотро аз хатари афзояндаи терроризму экстремизм ба таври ҷиддӣ огоҳ намуда, иштирокдоронро ба ҳушёрии сиёсӣ ҳидоят карданд. Таъкид гардид, ки дар мубориза ба ин вабои аср аз пештара дида бояд ҳушёртар бошем, зеро мо алакай шоҳиди чандин амалҳои террористӣ дар кишвар гардидем.
Баъдан раиси ташкилоти ибтидоӣ ва чанде дигарон баромад намуда, терроризм ва амали террористии дар дидбонгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ ба амаломадаро маҳкум намуданд.
Дар охир бо роҳандозии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ба 150 нафар хонандагони ниёзманди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5 - и ноҳия як қатор лавозимоти хониш кумак расонида шуд.