
ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти навбатии роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти «Зафар» баргузор гардид.
Масъулон дар суҳбат доир ба самтҳои афзалиятоки фаъолияти ҲХДТ, махсусан дар бораи давра ба давра ҳал гардидани се ҳадафи асосии давлат - таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз сарбастагии коммуникатсионӣ ва истиқлолияти энергетикии кишвар суханронӣ намуда, қайд кард, ки аллакай як сол боз баъди ба истифода додани чархаи якуми НБО Роғун аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии мамлакат ба миён гузошта шуда, дар ин самт низ корҳои зиёде ба иҷро расидаанд. Зикр карданд, ки дар арафаи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ чархаи дуюми ҳамин неругоҳ бо дасти мубораки Роҳбари давлат ба кор дароварда шуд. Ҳамзамон, шарҳу тавзеҳи моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ идомабахши суҳбат дар вохӯрӣ буд.