БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН, ИНТИХОБОТ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади ҳарчӣ бештар тақвият бахшидани робитаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо аъзои намояндагии  ТҶҶ

«Созандагони Ватан» ва иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ бобати  баргузории вохӯрию мулоқотҳо дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 41-и  Ҷамоати деҳоти Карақамиш чорабинӣ баргузор гардид. 

Зимни мулоқот масъулин дар бораи  самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ,  интихоботҳои дар пешистода ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ суханронӣ намуда, ҷавононро  ба дӯст доштани Ватан, аз бар кардани илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои мардумӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои  миллӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои  ҳизбӣ  ҳидоят карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg