БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭКСТРЕМИЗМУ ТЕРРОРИЗМ БА АМНИЯТУ СУБОТИ ҶОМЕА ТАҲДИД МЕКУНАНД

ҶАЙҲУН.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Вахш»-и Ҷамоати деҳоти Истиқлол-и ноҳияи Ҷайҳун вохӯрии таблиғотӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки корманди масъули  Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи мазкур баргузор гардид.

Зимнан дар рафти чорабинӣ масъулин атрофи яке аз  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки терроризму экстремизм ин мавзӯҳое ҳастанд, ки мо бояд бо ин ҷиддӣ рафтору муносибат намоем. Дар замони ҳозира бисёр одамонеро вомехӯрем, ки онҳо мазҳаби худро монда, ба дигар ҳизбу ҳаракатҳои тундрав мепайванданд, ки ин ба ҷомеа беътаъсир намемонад. Алалхусус, ин гурӯҳу равияҳои террористӣ бештар ба ҷавонон такя мекунад. Лекин мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамеша саъй бар он кунем, ки аз ин гурӯҳҳо дар канор бошем.

Дар идомаи масъала интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва пешбарии вакил ба Конференсияи ноҳиявӣ баррасӣ шуда, бо овоздиҳии якдилона раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб шуда, ҳамзамон вакил аз ташкилоти мазкур ба Конференсияи 28-уми КИ ҲХДТ дар ноҳия   пешбарӣ  гардид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg